(суҳбати ихтисосӣ бо муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. дар робита бо карантин ва пайомадҳои он)
Ибораи «Коронавирус дар Тоҷикистон» имрӯзҳо сархати хабарҳои ҳангомабарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил дода, боиси изтироб ва нигаронии мардум гаштааст. Муаллифони ҳангоманомаҳо муътакид бар он ҳастанд, ки эълон кардани карантин роҳи ягонаи наҷот аз ин вабои аср аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар кишвар вобаста ба шароити иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва иҷтимоияш оид ба пандемияи COVID-19 тасмими ба худ хос мегирад.
Дар сурати эълон гаштани карантин дар Тоҷикистон чӣ пайомадҳое мамлакатро интизор аст?
-Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо маводи зиёди воҳимаангез, ки қисме аз онҳо аз воқеият дур ҳастанд, ба чоп мерасанд. Дар онҳо талаб карда мешавад, ки дар Тоҷикистон карантин эълон карда шавад. Вазъи иқтисодӣ чӣ гуна аст? Оё зарурати эълон кардани карантин вуҷуд дорад?
- Масали машҳури тоҷикӣ ҳаст: “Оба бину мӯза каш, ҳаворо бину ғӯза каш”. Дар вазъи ба миён омада мо низ бояд вобаста ба шароит кор кунем. Амали кӯр-кӯрона ва тақлидкорона оқибатҳои ногувор дорад. Муқоиса кардани мамлакати мо бо кишварҳои сатҳи иқтисодашон инкишофёфта ин дидаю дониста худро ба чоҳ андохтан аст. Муқоиса кунед, кишварҳое, ки имрӯз дар карантин нишастаанд, дар кадом сатҳи иқтисодӣ қарор доранд.
Иқтисодиёти ҷаҳон тибқи пешгуии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ то 3 фоиз коҳиш меёбад.
Тибқи пешгўии Агентии «Bloomberg» 20 млн. амрикоиҳо чойи кори худро аз даст дода, дар семоҳаи дуюм ММД-и ИМА 25 фоиз коҳиш меёбад ва сатҳи бекорӣ то 12,6 фоиз боло меравад, ки ин балантарин нишондиҳанда аз соли 1940 то ин давра ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Фаронса тақрибан 5 млн. корманди фаронсавӣ ва ё аз чор як ҳисса дар бахши хусусӣ ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд. Айни замон аз се ду ҳиссаи иқтисодиёти Фаронса фаъолият мекунад.
Рӯзномаи «The Guardian» менависад, ки бемории пандемияи коронавируси ҷахонӣ метавонад дар Британияи Кабир барои дар семоҳаи дуюми соли 2020 то 15 фоиз коҳиш ёфтани иқтисодиёт ва то ду маротиба афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ боис гардад.
Ҳатто кишварҳои вазъи иқтисодиашон хубу имкониятҳояшон фаровон низ ҳастанд, ки бо вуҷуди мавҷудияти коронавирус дар мамлакаташон карантини саросарӣ эълон накарданд. Мисоли равшан Шветсия ва Белорусия мебошанд. Албатта, кадом омилҳо онҳоро ба чунин иқдом водор карданд, худашон хубтар медонанд.
Ҳарчанд ҳолати сироятшавӣ бо коронавирус дар ҷумҳурии мо расман ба қайд гирифта нашудааст, Ҳукумати кишвар дар доираи ситоди ҷумҳуриявӣ тадбирҳои заруриро дар ин самт андешида истодааст, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллиро дарбар мегирад.
Бояд ҳар фард хуб дарк кунад, ки Тоҷикистон дар кадом шароити иқтисодӣ қарор дорад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо мо пойбанди омилҳои беруна мебошем, хусусан дар мавриди таъмини мардум бо маводи озуқа, сӯзишворӣ. Ҳеҷ кишвари ҷаҳон интизори чунин пайомадро набуд. Дар шароити қаблӣ зарурати истеҳсоли ҳамаи маҳсулот дар дохили як давлат вуҷуд надошт ва ин самаранок ҳам набуд. Зеро робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо чунин як заруратро аз байн бурда буданд. Аммо коронавирус боиси бастани сарҳадҳо, қатъи рафту омад ва доду гирифт гашт, ки мушкилоти зиёдеро ба миён овард.
Худатон қазоват кунед, дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти нон ва маҳсулоти нонӣ (қабили орд, биринҷ, донагиҳо) мувофиқи меъёри истеъмолӣ дар як сол 1 миллиону 367,4 ҳазор тонна аст. Аз ин миқдор 610,4 ҳазор тонна (44%) дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, боқимонда (56%) аз хориҷи кишвар (асосан Қазоқистон ва Федератсияи Россия) ворид мегардад. Ҳамин вазъият нисбат ба дигар маводҳои ғизоӣ ҷой дорад: талаботи ба равғани растанӣ қариб 120 ҳазор тонна аст, аммо дар соли 2019 дар дохили кишвар истеҳсоли он 19 ҳазор тоннаро (15,8%) ташкил дода, 100,5 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид гардид; истеҳсоли шакар айни замон дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда нашудааст ва он пурра аз хориҷи кишвар ворид мегардад, ки дар соли 2019 162,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар чунин вазъият эълон кардани карантин бар манфиати иқтисодиёт ва мардуми Тоҷикистон нест.
- Агар пандемияи COVID-19 бо ҳамин суръат дар ҷаҳон идома ёбад, чӣ таъсире ба иқтисодиёти Тоҷикистон хоҳад дошт?
- Албатта, таъсири манфӣ. Эҳтимол дорад ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ва суръати рушди воқеии он коҳиш ёбад, ки аз ҳиосби пастшавии суръати рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ ва гардиши савдои хориҷӣ сурат мегирад.
Боиси қаноатмандист, ки тиҷорати баниҳамдигарӣ байни кишварҳои минтақа ба пуррагӣ қатъ нагардида, ҳамлу нақли молу маҳсулот идома дорад. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтисодию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2020 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллари ИМА ташкил намуда, назар ба ҳамин давраи соли 2019 7,5 фоиз зиёд шудааст. Дар таркиби воридот маҳсулоти хӯрока 22,7 фоиз, маводи сӯхт 17 фоиз, мошинаву таҷҳизоти гуногун 12,5 фоизро ташкил медиҳанд. Аммо дар ҳолати авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон бо ҳамин суръат ҳамаи кишварҳо содироти маҳсулоти ниёзи аввалро маҳдуд мекунанд ва зарур аст, ки ҳаҷми истеҳсоли онҳо дар кишвар зиёд карда шавад.
- Тоҷикистон кишвари аграрист. Кишоварзӣ дар кадом ҳолат қарор дорад, овозаи пандемияи COVID-19 чӣ таъсире ба ин самти иқтисодиёт расонид?
- Тоҷикистон кишвари куҳсор аст ва 93% ҳудуди онро куҳҳо ташкил медиҳад. Айни замон дар ҷумхурӣ 674,6 ҳазор гектар заминҳои корам мавҷуд аст, ки аз он 471,1 ҳазор гектарро (69,83%) заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Бо ин миқдор заминҳои обӣ таъмини пурраи мардум бо маҳсулоти хӯрока ва дигар маҳсулот аз ашёи хоми кишоварзӣ ғайриимкон мебошад. Аммо дар сурати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаби замин имкон дорад, ки эҳтиёҷоти мардум ба таври кофӣ қонеъ гардад ва ҳатто қисми боқимондаи меваю сабзавот содирот карда шавад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2020 дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ноуствории таъмини бозори истеъмолӣ аз кам будани масоҳати гармхонаҳо ва сардхонаҳо вобаста мебошад.
Дар маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти саривақт кишт намудани зироатҳо ва полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, баланд бардоштани самаранокӣ бо ташкили гармхонаҳо, ҳатто дар заминҳои наздиҳавлигӣ корбарӣ намоянд.
Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд намоянд.
Ҳоло мавсими кишту кор аст. Як рӯзи баҳор деҳқони асилро як сол мехуронад. Агар ин рӯз аз даст рафт, кишоварз як сол зери рӯзгори гарон қарор мегирад. Барои ҳамин тамоми хоҷагидорони кишварро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар ин самт иҷро намоянд ва захираи маҳсулоти ғизоӣ (махсусан дар ҳар як оила захираи дусола)-ро таъмин намоянд.
Танҳо дар чунин ҳолат тани сиҳату рӯзгори ободи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ имконпазир аст. Ҳар шаҳрванд, соҳибкорро зарур аст, ки ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, таъйиноти кишоварзиро дуруст истифода кунад, маҳсулоти ниёзи мардумро кишт кунад.
-Аҳолии Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад, ҳоло ҳудуди нуҳ миллионро ташкил медиҳад. Дар чунин вазъ онҳоро чӣ гуна метавон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуд?
- Дар ҳоле, ки 70 фоизи мардуми мо дар деҳот зиндагӣ доранд ва ҳанӯз кишвар аз воридоти маҳсулоти хӯрока вобастагӣ дорад истифодаи ҳамаи категорияи заминҳо, ҳатто заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон муҳим арзёбӣ мегардад. Аз 214 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ 106,6 ҳазор гектарро заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон 59 ҳазор гектар заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон мавриди истифода қарор дорад. Дар ин заминҳо бояд тамоми мавсим кишту кор гузаронида шавад.
Ин аст, вазъи мо. Воқеиятро ба назар нагирифта, карантини пурраро талаб кардан дар Тоҷикистон ин на танҳо бехабарӣ, балки вайронкорист. Мо чун давлатҳои абарқудрати ҷаҳон (ИМА, ФР, ҶХХ, Олмон, Англия ва ғ.) захираҳое надорем, ки аҳолии кишварро кор накарда, пурра бо маҳсулоти зарурии хўрока таъмин кунем. Газ, нефт, металл ва на дигар захираҳои табиӣ нест, ё ҳанӯз тавлидашон ба роҳ монда нашудааст. Мардум набояд фирефтаи овозаю дарвозаҳои бардурӯғ шаванд, ба воқеият бо чашми ақл назар андозанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар диёри мо ҳақиқатан ҳам сирояти ин бемории даҳшатангез расман ба қайд гирифта нашудааст.
Пешвои миллат бо мақсади пешгирии болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои ҷумҳурӣ дастурҳои ҷиддӣ доданд. Акнун тадбиқ ва назорати иҷрои онҳо бисёр муҳим мебошанд.
- Барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии бамиёномада таъҷилан чӣ чораҳо мебояд андешид?
- Пеш аз ҳама, тақвияи фаъолият барои пур кардани маблағҳои фондҳои захиравӣ (стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт), беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввалия, истифодаи самараноки заминҳо ва гирифтани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пешгирии баландравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти барои аҳолӣ зарурӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум; мунтазам роҳандозӣ кардани ярмаркаҳои фурўши маводи ғизоӣ ва таъмини дастрасии онҳо дар тамоми бозорҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ; пешбинӣ кардани сабукиҳо барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия (дар самтҳои боҷи гумрукӣ ва андоз); таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина коҳиш додани вобастагии бозори дохилии истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ.
Зарур аст, ки бахши воқеии иқтисодиёти кишвар мунтазам фаъолият намояд, то ки занҷираи “ашёи хом- истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш” канда нашавад ва аҳолӣ бо ҷои кор таъмин бошад.
Дар акси ҳол мавриди эълон намудани карантини саросарӣ сатҳи бекорӣ ва таваррум боло рафта, хавфи пастрафтани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳоле ки беш аз 45 фоизи қисми хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар, яъне маориф, тандурустӣ, фарҳанг, таъминоти нафақа ва дигар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст, фаъолият накардани иқтисодиёт хавфи бе музди меҳнат мондани ин гуна категорияҳои кормандонро зиёд мекунад.
- Ба иртиботи пандемияи COVID-19 барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳукумат дар чӣ ҳол қарор дорад?
- Имсол маҷмӯи маҳсоти дохилӣ бояд зиёда аз 87 миллиард сомониро ташкил диҳад ва вобаста ба он буҷети кишвар низ ташаккул ёбад. Дар ҳолати эълон кардани карантин ин нишондиҳанда манфӣ шуда, иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ ғайриимкон мегардад. Ҳол он ки имсол рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд на кам 7 фоизро ташкил диҳад. Ҷараёни татбиқи барномаҳои минтақавию соҳавӣ зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҳоло барномаҳои минбаъда низ мавриди таҳия қарор доранд. Иҷрои босамари барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии имкон медиҳанд, ки мо ба нишондиҳандаҳои пешбининамудаи рушди иҷтимоию иқтисодӣӣ кишвар ноил гардем.
Аллакай, ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба таъсири вазъи ногувори иқтисодиёти кишварҳои дигар ба иқтисодиёти кишвари мо сатҳи рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро 1 фоиз пешбинӣ карданд. Ин нишондиҳанда бе назардошти эълони карантин ҳисоб шудааст. Агар карантин эълон шавад ва мардум чанд моҳ кор накунанд, аниқ аст, ки соли 2020 иқтисодиёти кишвар коҳиш меёбад.
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо баланд шудаанд, ки бояд ҳатман карантин дар саросари ҷумҳурӣ эълон шавад. Ба ин чӣ мегӯед?
-Сару садоҳо ҳамеша буданд, ҳастанд ва мемонанд. Мо бояд ба сухани мутахассисон гӯш диҳем. Хоҳ дар соҳаи тандурусӣ, хоҳ иқтисодиёт, хоҳ илму фарҳанг бошад. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, боз ҳам онҳое овоз баланд мекунанд, ки дилу нияти нек нисбати кишвари мо надоранд. Онҳо ғаразҳои нопок доранд. Пул доранд, имконият доранд, аммо ба мардуми ҷумҳурӣ мақсади кумак кардан надоранд. Онҳо метавонистанд садҳо дасгоҳҳои нафаскашӣ харида ба кишварашон фиристанд, ба сурати оҷил беморхонае барои пешгирии бемории короновирус бунёд кунанд. Ба табибон, ки имрӯзҳо шабонарӯз фаъолият доранд кӯмакҳои моддию пулӣ расонанд. Аммо намекунанд.Чунки нияти нек надоранд. Албатта, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба кумаки онҳо эҳтиёҷ надоранд. Пешаи чунин касону гурӯҳҳо ҷангу вайронкорист, на оромию ободӣ. Дар ҳоле ки дар ҷаҳон ҳазорон мефавтанд онҳо ин вазъиятро ба манфиати ғаразонаи худ мехоҳанд истифода бурд.
Дар чунин шакл ҷараёни гирифтани раванди вазъият бар манфиати ҷумҳурӣ нест, балки аз он қаллобону ҳаннотон барои сарватғундорӣ ва душманони сохти конститутсионӣ ҷиҳати бадном кардани мақомоти давлатӣ сӯиистифода хоҳанд кард.
Аз ҳама муҳим ин аст, ки ин паёмадҳо таъсири манфӣ ба тафаккури ҷомеа расонида, боиси халалдор гардидани раванди муътадили зиндагии осоиштаи мардум, камчинии молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввал, бинобар аз талабот зиёд харидорӣ намудан, мегардад.
- Агар Ҳукумат ба сухани онҳо гӯш диҳад ва беасос карантин эълон кунад, чӣ оқибатҳо хоҳад дошт?
- Ҳукумат нақшаҳои худро амалӣ менамояд, ки ба нафъи мардум ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо равона шудааст. Дуруст аст, ки баҳси доманадор доир ба зарурати эълони карантин ва бо ин роҳ ҳимоя кардани саломатии шаҳрвандон давом дорад. Мутаасифона ин баҳсҳо дар доираи одамоне сурат мегирад, ки ғайри мутахассисанд. Фикр мекунед, ки ин гуна касон бештар аз ҳукумат дар ғами саломатии аҳолӣ ҳастанд. Албатта не. Дар ҳолати тасдиқи мавҷудияти ин вирус ва яқин гаштани хатари он ба саломатии мардум Ҳукумат чораҳои таъхирнопазир мебинад.
Баста гаштани сарҳад, боздоштани ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилҳои байналмилалӣ ва соҳаҳои ба онҳо хизматрасон, меҳмонхонаҳою сохторҳои сайёҳӣ чӣ оқибат доранд, ба касе пӯшида нест. Тасаввур кунед, ки ҳама кормандони ин соҳаҳо ва саноату кишоварзӣ ба рухсатии бемузд фиристода шаванд, чӣ пасомадҳое хоҳад дошт. Маълум аст, ки аксари ин сохторҳо дар ҳолати давомнок будани бефаъолиятӣ кормандонашонро бо маош таъмин карда натавонанд. Болои он, карантини шаҳрвандони аз хориҷи кишвар омада ва пӯшонидани хароҷотҳои он аз ҳисоби буҷети давлат аллаккай таъсири худро мерасонад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда ворид нашудани баъзе молҳои ниёзи истеҳсолӣ, поёнравии талаботи мардум ба молҳои ғайрихӯрока боиси таназзули захираҳо дар корхонаҳои истеҳсолӣ гардидааст.
Эълони карантини беасос маънои аз кор бозмондани соҳаҳои яклухт мегардад. Дар сурати баста шудани корхонаҳо барои дубора фаъол гардонидани онҳо вақту хароҷотҳои иловагӣ лозим аст, алоқаҳои иқтисодӣ канда мешаванд ва барқарор кардани онҳо кори саҳле нест.
- Арзи сипос барои як суҳбати хотирмони ихтисосӣ.
- Ташаккур.
Умон Раҳимзода, рӯзномаи Тоҷикистон