Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлис – вохӯрии раиси ноҳия бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи иҷрои саривақтии супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, ки зимни сафари корӣ ба ноҳия дода шудаанд, таъкид гардида шуд.
Инчунин раиси ноҳия аз рафти сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, аз фаъолони ноҳия даъват карда шуд, ки бо истифода аз нуфуз ва эътибори худ дар маҳал корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихории милли ҷавонон, ҷалби онҳо ба артиши миллӣпурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи даъват саҳмгузор бошанд.