ФАХРИ ҶАВОНОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки яке аз ҷавонони соҳибхирад, бомасъулият, ватандӯсту дурандеши даврони истиқлол ба мансаби пурмасъул – раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳар як шахси худогоҳ, махсусан сокинони Душанбешаҳр дар масъулитшиносӣ ва дурандешии Рустами Эмомалӣ, ки ин нуктаро дар ҳар як мансабу вазифаи фаъолиятдоштаааш, исбот намудааст, эҳтиром қоиланд.

Ҷавонон аз кору пайкори шаҳрдори пойтахт- Рустами Эмомалӣ ба ваҷд омада, ӯро ҳамчун идеали корӣ интихоб намудаанд. Рустаме, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда аз уҳдаи роҳбарии вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шаҳрдории Душанбе сарбаландона баромада истодааст. Ёд дорем, ки дар рӯзҳои аввале, ки Рустами Эмомалиро ба сифати раиси шаҳри Душанбе тайъин намуданд, сару садоҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ оид ба «ҷавон аз уҳдаи шаҳрдории Душанбе мебаромада бошад ё не», пайваста интишор мегардид. Аммо бо мурури замон дар муҳлати муайян ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки бо ташаббуси ин ҷавонмард шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳо мубаддал гаштааст. Заҳмату талошҳои Рустами Эмомалӣ, ки баҳри шукуфоии маркази кишварамон карда истодааст, лоиқи таҳсину дастгирист.

Душанбеи имрӯзро на танҳо бо пойтахти навбунёди солҳои 20 – уми асри гузашта муқоиса кардан хост, балки он аз Душанбеи даҳсолаи аввали қарни навин ва ҳатто се – чор сол пеш куллан фарқ мекунад. Ҳақ ба ҷониби низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбест, ки дар бораи маъруфияти пойтахти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва хизматҳои раиси ҷавони он Рустами Эмомалӣ гуфт: «Ҳар касе, ки дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони Душанбе қадам мезанад, ҳатман ба Рустами Эмомалӣ барои ин созандагию ободонӣ аҳсант мехонад». Дар ҳақиқат, Душанбеи соли 1924, ки ҳамагӣ 5 ҳазор сокин дошт ва аз биноҳои якошёна иборат буд, имрӯз бо аҳолии қариб миллионнафара (бо шумули меҳмонону навомадагон) ба маркази бузургтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишии ҷумҳурӣ, маркази ҳамоишҳои сатҳи баландтарин ва яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон табдил ёфтааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ башорат аз қадру манзалат доштани насли ҷавон ва эътимоду боварии мардуми шарифи Тоҷикистон ба насли ояндасози ин миллату меҳан аст, ки мо аз ин ифтихор менамоем. Воқеан гузаштану тарбия ёфтани Рустами Эмомалӣ аз роҳи сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки давомдиҳандаи кори падар барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон тамоми заҳмату талошҳоро хоҳад кард.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.