ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СЕ МОҲ

Таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар се моҳи аввали соил равон баргузор гардид.

Вобаста ба пешравиҳо ва бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо ҳисобот дод.

33_22.jpgДар бармади Шарипова Тоҷинисо қайд гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд, ки он пеш аз ҳама дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  саноатӣ, нақлиёт, савдо, хизматрасонӣ,  баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо тақвият бахшида, аксар нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардид.

Раиси ноҳия вобаста ба вазъи фаъолияти соҳаҳои аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф ва ислоҳи камбудиҳо супоришҳои дахлдор дода шуд.

22_63.jpgДар рафти ҷаласа раиси ноҳия ба раисони ҷамоатҳои шаҳраки Қубодиён, деҳоти ба номи Утақара Назаров ва Ишмурод Ниёзов барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа муроҷиатномаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ба самъи фаъолони ноҳия расонида шуда, қайд гардид, ки корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар миёни мардум вусъат бахшида шавад.

Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷабборзода Гулрӯ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар шароити кунунии иқтисодии ҷаҳон, таъмини рушди соҳаҳо ба мақсад мувофиқ буда, масъулонро зарур аст, ки баҳри беҳтар намудани нишондоди соҳаҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар идомаи суханронии вобаста ба вазъи паҳншавии бемории сироятии нави Коронавирус таъкид намуд, ки ин вабои аср тамоми ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намуда, сокинони мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии интиқол, ва паҳншавии он ба таври дастаҷамъона кӯшиш намоянд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.