ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба 25 солагии таъсисёбии “Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни 11 муассисаҳои таълимии ноҳия чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ “Ватанпарвар” гузаронида шуда, дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Назаров Ҷ., комиссари Комиссарияти ҳарбӣ Сайдалиев Ш., мушовири шуъбаи маориф оид ба омодагии дифои ҳарбӣ Ҳасанов Р., омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимӣ ва зиёда 200 нафар ҷавонони фаъоли ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.

20180220_131441.jpgДар ин чорабини хонандагони гимназияи давлатии №1 сазовори ҷойи аввал гашта, соҳиби Ҷом, медал ва ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гаштанд. Инчунин ин муассиса роҳхат ба чорабинии вилоятии “Ватанпарвар”-ро ба даст оварданд, ки санаи 21-уми феврали соли равон дар шаҳри Қурғогтеппа баргузор мегардад.

Сазовори ҷойи дуюм насиби хонандагони МТМУ №19-и ноҳия гадида, соҳиби медали нуқра ва ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гаштанд.

Ҷойи сеюм насиби хонандагони МТМУ №2-и ноҳия гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гаштанд.

Инчунин иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ Марҷонаи Абдулхайр хонандаи МТМУ №2, Тулаганова Фарида хонандаи МТМУ №15 ва омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.