САҲМИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии худро таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Бадриддин Садриддинзода баргузор намуд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои интихоби раис, муовини он ва котиби Шӯро, аъзои Шӯро ва раиси куҳансолони Ҳаракат баррасӣ гардида, доир ба ин масъалаҳои қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

22_62.jpgДар оғози ҷаласа раиси ноҳия оид ба фаълияти Ҳаракат дар ноҳия ҳисобот дода, изҳор дошт, ки фаъолияти он дар ноҳия баҳри устувории ваҳдати миллӣ, ривоҷу равнақи корҳои бунёдкорию созандагӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии мардум, баланд бардоштани ҳисси миллатдстию ватанпарварӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон  дар заминаи мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои вилояти Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ иштирок дошатанд.

Раҳимов Амиршо – муовини раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки сабаби асосии созмон додани Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фоҷиаи таърихии солҳои 1992-1993 буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафар кушта шуда, бисёре аз одамон бе ному нишон гаштанд. Умуман ба хочагии халқи кишвар дар ин давра ба миқдори 7 милиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонида шуд. Багуфтаи вай, хушбахтона, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум шахси оқилу доно эҳсосгари дили мардум, сиёсатмадори тавоно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид ва дар ин интихобот намояндагони мардуми мо хато накарданд.

Саъдуллоев Фақер – котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ дар кори Шӯро сухан намуда, изҳор дошт, ки аъзои Шӯроро зарур аст, ки саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлат оид ба амалисозии ҳадафҳои миллӣ дар маҳал гузошта, дар пойдории сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, дӯстии халқҳо ва рушду пешрафти маҳал ҳисагузор бошанд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.