Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии прокурори вилоят Раҳимзода Абдураҳим бо фаъолон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ вазъи давъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳия баррасӣ гардида, қайд карда шуд, ки саҳми фаъолон дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, №1466 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар маҳал васеъ буда, онҳоро зарур аст, ки бо истифода аз обрӯ ва нуфуз дар замири ҷавонон ҳисси ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва ҳимояи марзу бумро бедор намоянд.