
Дар саҳни бинои Комиссарияти ҳарбии ноҳия маросими сарфарнамоии даъватшавандагон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гардид.
Дар чорабинии “Гусели наваскарон” масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссарияти ҳарбӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода дар ифтитоҳи расми гусели наваскарон ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.
Дар маросими гусли наваскарон волидони даъватшаванда низ таассуроти худро баён дошта, қайд намуданд, ки хизмат намудани фарзанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ орзу ва ифтихори ҳар падару модари бо нангу нос буда, тарбияи фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ифтихори миллӣ қарзи ҳар як падару модар мебошад.
Наваскарони даъватшаванда низ дар ин чорабинӣ изҳори андеша намуда, қайд намуданд, ки онҳо ҳамеша барои ҳимояи хоки Ватан омода буда, барои иҷрои амри ватан ҳамеша содиқ мебошанд.
Тибқи анъана, пас аз маросими расмии гусели наваскарон анъанаи “Гулчагазон” бо иштироки падару модарон ва даъватшавандаҳо баргузор гардида, ин чорабиниро барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия ҳамроҳи намуд.
Гуфта мешавад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дастгирии ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва соҳибкасб намудани онҳо чораҷӯӣ намуда, 35 нафар ҷавон, ки ихтиёран хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро интихоб намудаанд, барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ ва 9 нафар касбу кори гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд.