Рӯзи 21 феврал бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Фазуллозода Зафар Хайрулло ва муовини сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Томохиро Накагакӣ маросими бакордарории шабакаи таъмини оби нӯшокии ноҳия доир гардид.
Бо буридани лентаи рамзӣ ва тоб додани ҷумаки об шабакаи обтаъминкунии ноҳия, ки тайи солҳои ахир аз фаъолият боз монда буд, дубора ба кор даромад.
Гуфта мешавад Сафорати Ҷопон барои амалигардонии лоиҳаи беҳтар намудани шабакаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён тибқи шартномаи грантӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба маблағи зиёда аз 84 ҳазор доллари амрикоӣ, баробар ба беш аз 705 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар натиҷаи амалисозии маблағҳои мазкур дар ноҳия иншооти пойгоҳҳои таъминкунандаи оби нӯшокӣ дар деҳаи Ахча ва Қиёт таъмир гардида, таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла трансформатор, дастгоҳи безараргардонии об харидорӣ карда шуда, қубурҳои обгузар таъмир карда шуданд. Боиси ёдоварист, ки Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои корҳои таъмиру азнавсозӣ ва барқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намудааст.
Дар баробари оғоз гардидани фаъолияти шабакаи обтаъминкунии ноҳия беш аз 60 дарсади аҳолии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, ки зиёда аз 20 ҳазор нафарро дар бар мегирад, бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардиданд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ ба сафорати давлати Ҷопон дар Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар иншооти обтаъминкунии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки ифтитоҳи иншооти мазкур дар арафаи оғози расмии амалишавии ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи 10 солаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” басо мантиқӣ мебошад.