Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳам ва ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набинӣ, ба ман бад нарасад.
Шукри Худованд мегӯем ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз ин вабои аср, ки машҳур ба номи коронавирус мебошад, ба тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон дар амон мебошад ва дуъо мекунем, ки ин беморӣ аз болои мардуми ҷаҳон дур шавад. Ва хушбахтона то имрӯз дар кишварамон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Аз дидгоҳи ислом робитаҳои иҷтимоии инсонҳо дар марҳилаи андеша бар усули хайрхоҳӣ ва муҳаббату дӯстӣ ва монанди он асос мегирад. Ба-дин маъно, ки мусалмон бояд дар саҳифаи андеша ва нияти худро нисбати бародарон ва хоҳарони дини худ неку ва зебо созад. Андешаи хайрхоҳӣ, насиҳат, дӯстӣ, саодати онҳоро дар сар дошта бошад аз нақшакашӣ ва тавтиачинӣ бар зарари онҳо бипарҳезад.
Аммо Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷ, ки гирифтори бемории бадхоҳӣ ва ҳасад нисбати Тоҷикистон ва мардумонаш мебошанд, хоҳони он ҳастанд, ки мардуми кишвар ба он бемор гирифтор шаванд ва то онҳо дар хориҷ як ҳангомаи нав дар фазои маҷозӣ ташкил диҳанд.
Бадхоҳи ватан ва миллат шудан ин аз доираи исонӣ берун аст, хусусан барои ҳизбе, ки дам аз мусалмонӣ ва башардӯстӣ мезанад.
Яке аз нишонаҳои ҳасуд ин аст, ки дар танқид кардан шадид аст, ва бадгӯӣ мекунад ва аз бадгӯён тарафдорӣ мекунад. Нишонаи дигари ҳасудон ин хурсандӣ кардан дар мусибат аст, ки агар як ҳодисаи ногувор рӯй диҳад, онҳо хурсанд мешавад, зеро ба мақсади худ, ки ранҷи дигарон аст, расидааст ва мувофиқи фармудаи Қуръон: “Агар ба шумо зиён ва зараре расад, онон хушнуд мешаванд.
Нишонаи дигари ҳасудон он аст, ки аз дидани пешрафт ва тараққӣ ва некӯаҳволии дигарон нороҳат мешаванд ва бештар вақти худро дар ин ҳолат сарфи ғусса хурдан аз муваффақияти дигарон мекунанд.
Ва нишонаҳои дигари ҳасуд он аст, ки бадгӯиро дар бораи ватан ва мардум аз фазилат ва некӣ медонад.
Агар дар ҳузураш аз ватан ва пешравиҳояш таъриф кунанд, нороҳат мешавад ва бовар намекунад ва бо ҳилаву макр мехоҳад ин пешравиҳо ва тариқиро дар назди дигарон нодуруст ҷилва диҳад ва агар дар бораи ватан як сухани норавои шунавад зуд тасдиқ мекунад ва валвала сар медиҳад.
Ва аз назари равоншиносон ин ҳолат аз ҳамон ғаризаи бадхоҳӣ реша мегирад. Чун сутуда шудан нишонаи хушбахтӣ ва саодат аст ва боваркарданаш бар ҳасуд ногувор аст. Пас ин тавсияҳое, ки Кабирӣ медиҳад, нисбати бемории каронавирус: аввал ин ки Тоҷикистон мӯҳтоҷи тавсия ва пешниҳоди ин гурӯҳои бадхоҳ нест. Зеро Тоҷикистон дар зери сиёсати хирадмандонаи ПЕШВОИ МИЛЛАТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро саривақт ба роҳ мондааст ва дуюм ин ки ҳама ин ҳангома аз рӯи бадхоҳӣ ва ҳасад мебошад, чунон ки дар боло зикр гардид.
Сархатиби масҷиди ҷомеи
маркази ноҳияи Қубодиён
Қарчиев Зайниддин