Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишии воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Норбуттаев Шодмон сохта шуд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Талбак ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷабборзода Гулрӯ иштирок намуда, ба фаъолияти майдонча оғози расмӣ бахшиданд.
Гуфта мешавад, майдончаи варзишии мазкур дар масоҳати 92 м2 ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ бо шароити замонавӣ сохта шудааст.
Ҳамчунин дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо иштироки масъулон иншоотҳои ҷашнӣ, ки дар доираи корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба нақша гирифта шуда буданд, аз ҷумла пули мошингузар, гармхона, нуқтаи шустушӯи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ба истифода додани иншоотҳои ҷашнии бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар арафаи ин ҷашни фархунда дар ноҳия идома дорад.