Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳия як қатор чорабиниҳо баргузор гардид.
Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба ин иди фархунда чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз ва оғози соли нави миллӣ табрик намуда, Наврӯзро ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда унвон кард.
Ба гуфтаи раиси ноҳия мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд ва ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Иду хурсандии сокионони ноҳияро намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндаи вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон ҳамроҳӣ намуда, табрикот ва муждаи наврӯзии роҳбарияти кишвар ва вилоятро ба сокинон расониданд.
Дар рафти чорабинӣ, ки бо иштироки беш аз панҷ ҳазор сокинон доир гардид, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шахсони арзанда ифтихорнома тақдим карда шуда, таъкид карда шуд, ки давлат ва Ҳукумат саҳми ҳар як нафарро дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун қадрдонӣ менамояд.
Ҳамчунин бо мақсади иҷрои яке аз рукнҳои наврӯзӣ, ки дасти кумак ба шасони ниёзманд дароз кардан мебошад, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 97 нафар собиқадорону ниёзмандон кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Ҳамзамон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар варзишгоҳи марказӣ дари дӯкони намоиши наврӯзии худро барои ҳозирин боз намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия бо баргузор намудани барномаи театрикунонидашуда хотири зоҳиринро болида намуд.