Дар ҳудуди мамлакат ва махсусан, вилояти Хатлон ҳолати сироятёбии сокинон ба вируси тоҷдор ё коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода Мирзовалӣ зимни баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум изҳор дошт.
Бино ба гуфтаи номбурда дар кишвар тамоми чораҳо ҷиҳати воридшавӣ ва паҳнгардии вируси COVID-19 андешида шуда, сарусадоҳо дар мавриди роҳ ёфтани ин вирус ба мамлакат асоси воқеӣ надоранд.
Бо вуҷуди ин Раҷабзода таъкид намуд, ки сокинон бояд эҳтиёткориро пеша намуда, ба масъалаи гигиенаи шахсӣ ва санитарӣ диққати бештар диҳанд.