Маҷлиси вакилони халқи ноҳия имрӯз иҷлосияи якуми худро баргузор намуд.
Вакилони тозаинтихоб дар кори иҷлосия масъалаҳои оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум), тасдиқи Дастури кори Маҷлиси вакилон, ташкили комиссияҳои доимӣ ва тасдиқи ҳайат ва Низомномаи онҳобаррасӣ намуданд.
Вакилони интихобгардида ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо ва фаъолияти бенуқсон дар назди ҳозирин савганди садоқат ёд карданд.
Инчунин дар кори иҷлосия масъалаи пешбарии номзаб ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардида, ба ин симат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер пешниҳод карда шуд. Ҷиҳати ҷонибдорӣ аз пешниҳоди номзади пешниҳодгардида вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба таври пинҳонӣ овоз дода, ба ҷонибдории номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ ба узвияти Мачлиси миллӣ якдилона раъйи худро доданд.