Дар асоси барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2020, таҳти № 6/2-231-с ва иҷрои саривақтии супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2020, таҳти №25605(26,6) дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ "Дави Наврӯзи" ва "Велосипедронӣ" бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ наврасону ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Ғолибони чорабиниҳои мазкур аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қубодиён бо диплом ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабиниҳои болозикр зиёда аз 800 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва наврасон фаъолона иштирок намуда, аз ин шумора 150 нафар бонувон мебошанд.