
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Бадриддин Садриддинзода аҳли эҷод ва собиқадорони нашрияи “Тахти Қубод”-ро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба муносибати иди касбии рӯзноманигорон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар, вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро тавассути нашрияи ноҳиявии “Тахти Қубод” инъикос намуда, ҷиҳати эҷод намудани шароити мусоиди корӣ барои кормандони ин нашрия тамоми чораҳоро меандешад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз нашрияи “Тахти Қубод” аз рӯи теъдоди чоп дар байни рӯзномаҳои ноҳиявии вилоят яке аз сершумортарин рӯзнома ба шумор рафта, моҳе чор маротиба ба нашр мерасад.
Вобаста ба ин заҳмати мухбирони минтақавии рӯзнома ба инобат гирифта шуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти соҳаи матбуот, баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ ва маърифати сокинон, тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ва Ҳукумат, инъикоси саривақтии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳайати эҷодии рӯзнома бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.