
Дар асоси амри раиси ноҳия аз 6 марти соли 2020, №28 аз 1 - то 12 марти соли равон чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда баргузор мегардад.
Чорабиниҳои мазкур корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, селроҳаҳо, селпартовҳо дарбар гирифта, дар ин чорабинӣ сохторҳои дахлдори ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин идораи беҳдошти замин, ҳифзи муҳити зист, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷалб гардидаанд.
Таври сардори Бахри Раёсати Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия Намоззода Аҳмад қайд намуд, чорабиниҳои мазкур тариқи ҳашар анҷом дода шуда, ба он техникаи махсус ҷалб карда мешавад.