
Бахшида ба иди “Рӯзи модар” дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Бадриддин Садриддинзода дар ҳузури иштирокдорон тамоми занони ноҳияро ба муносибати иди “Рӯзи модар” табрик намуда, изҳор дошт, ки зан – модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.
Қайд гардид, ки имрӯз занону модарон дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Занон бо масъулияти баланд дар рушду пешрафти хоҷагии халқи ноҳия саҳми сазовор дошта, аз ҳама гуна имтиёз ва шароити мусоид бархӯрдор мебошанд.
Беш аз 130 мансаби роҳбарӣ дар ноҳия дар ихтиёри занон буда, соҳаҳои таҳти роҳбарии онҳо пешравии чашмрасро соҳиб мебошанд.
Бо назардошти хислати меҳрубонӣ ва ғамхорӣ доштан имрӯз аксарияти кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои маориф ва тиб аз ҳисоби занон буда, дар ин соҳаҳо эътимоди бештар ба ҷинси латиф дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади қадрдонӣ аз фаъолияти пурсамар ба занони фаъоли ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим намуд.
Ҳамчунин дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунари кадбонувон ва занони чирадаст ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби тамошобинон соҳиби баҳои баланд гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинии бахшида ба иди “Рӯзи модар” бахши фарҳанги ноҳия консерти ҷолиби идонаро пешкаши ҳозирин намуд.