
Бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди садо додани суруди миллӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Бадриддин Садриддинзода сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 27 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз бо заҳмату талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва ба ҳомии фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.
Дар идомаи сухаронии худ мутарам Бадриддин Садриддинзода қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, инчунин барҳам задани кӯшишҳои гурӯҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёна ва мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд. Ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва осудагии ҳаёти мардум равона гардида буданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз худ нишон доданд.
“Дар ин мубориза ва набардҳо садҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар маъюбу маҷрӯҳ гардиданд, ки мо қаҳрамонию корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.”-, гуфт раиси ноҳия.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо нишони қадрдонӣ ба шахсони арзанда ифтихорномаву сипоснома тақдим карда шуда, барои саҳми онҳо дар даъвати ҷавонон ба сафи қавваҳои мусаллаҳи кишвар, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири ҷавонон изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия баҳри тамошобинон саҳна ва барномаҳои ҷолиби консертӣ пешниҳод намуд.
Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин рӯз дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия баҳри сарбозон дастархони идона ороста, иҷрокунандаи раиси ноҳия аз дидбонгоҳи сарҳадии “Хошма” дидан намуда, бо шароити зисти сарбозон шиносоӣ пайдо намуд. Дар ин дидор раиси ноҳияи Қубодиён сарбозонро ба мунсибати иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, як нафар иштирокчии ақибгоҳи ҷанг, 10 нафар иштирокчии бартарафсозии офати Чернобил, 10 нафар интернатсионалист ва 21 нафар сипарони Ватан кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.