
Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри баёния иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорат бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, санаи 16-уми феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.
Номбурда санаи 1-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст ва дар содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат намудааст, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содир кардаи шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаанд, метавонанд тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96 ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоянд.