МУАРРИФИИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ

Имрӯз номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии №30 ва №31, ки ҳудуди навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусравро дарбар мегиранд, ҷиҳати шиносоии барномаи пешазинтихоботии худ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

22_53.jpgБа ҳавзаи якмандатаи интихоботии №30 се ҷамоати деҳоти ноҳия, Заркмар, ба номи Утақара Назаров ва ба номи Ишмурод Низов шомил буда, номзаб ба вакили Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олӣ бо интихобкунандагон аз ин ҷамоатҳо вохӯрӣ гузаронида, барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуд. Ҳавзаи мазкур аз ҳисоби ноҳияи Қубодиён 32 784 нафар интихобкунанда дорад.

Ҳавзаи якмандатаи ҳудудии ҷумҳуриявии №31 Қубодиён дар баробари ноҳияҳои Шаҳритуз ва Носири Хусрав 5 ҷамоати ноҳия – шаҳраки Қубодиён, деҳоти ба номи Носири Хусрав, 20-солагии Истиқлол, Тахти Сангин ва Навободро дарбар гирифта, аз ноҳия Қубодиён дар ин ҳавза 71 699 нафар ба пои сандуқи раъйидиҳӣ мераванд

33_15.jpgДар ноҳия як ҳавзаи ҷумҳуриявӣ бо 42 участка, 4 ҳавзаи вилоятӣ бо 59 участка, 40 ҳавзаи ноҳиявӣ бо 59 участка ва 212 ҳавзаи ҷамоатӣ бо комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ташкил карда шуда, теъдоди умумии интихобкунандагон 104 483 нафарро ташкил медиҳад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.