Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия бо имомхатибон ва ходимони дини ноҳия баргузор гардид.
Қайд гардид, ки мақсади вохӯрӣ амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, буда аз рӯҳониёни ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки бо назардошти нуфузи обрӯй дар ҷомеа барои саҳм гузоштани шахсони саховатпеша, ходимони дин ва соҳибкорон дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ (таъмири роҳҳо, таъмиру бунёди муассисаҳои тандурустиву маориф), дастгирии ятимону барҷомондагон ва шахсони ниёзманд корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, фаҳмондани моҳияти ватандӯстӣ аз нигоҳи дини мубини Ислом, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ дар байни ҷавонон ва пешгирии гаравиши онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо мақомотҳои дахлдор ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия изҳор дошт, ки саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар рушду густариши соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва тарбияи ахлоқиву руҳонии сокинон басо назаррас буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин хизмати онҳоро қадрдонӣ намуда, дар ин самт ба ходимони дин, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳия ҷиҳати таъними иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” шароити мусоид фароҳам оварда шуда, барои баровардани ниёзҳои динии сокинон 75 масҷиди панҷвақта ва 5 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад.