Ҳамду сано Худовандеро, ки замину осмонро офарид ва дуруд ба Паёмбараш, ки беҳтарини башар дорои мартабаи баланд ва ҳидоятгари ҷаҳониён аст.
Мавзӯъи, ки мо баҳс мекунем ақидаҳои ботилаи ҲНИТ аст зеро солҳои охир бо рехтани хуни мусулмонон ва зино ва талаву торош кардани мардумро фатво додаанд. Роҳбарони ҳизби таррористӣ мардумро фирефта ба ақидаи онҳо дини ислом ин ҷиҳод аст ва дар шариат нашъаманди ва рехтани хуни одамон ҷоиз аст. Аллоҳ Таоло дар Қуръон одам куштанро гуноҳи кабира шуморида мефармояд: «Ҳар каси муъминеро ба қасд бикушад муҷозоташ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд, Худованд ба ӯ хашм ва лаънат кунад ва азоби бисёр ва шадид муҳаё созад» (Сураи Нисо ояти 93)
Паёмбари Худо дар Иди Қурбон дар Мино дар Ҳаҷи видоъ хутба хонда фармуд: «Ҳамоно хунҳои Шумо ва молҳои Шумо ва обрӯятон бар Шумо ҳаром аст»
Паёмбари ислом (С) се чизро аз ҳама чиз таъкид намуданд, хуни инсон, моли инсон ва обрӯи инсон ва дар охир фармуд: «Албатта рисолати ман комил шуд»
Ақидаҳои ҲНИТ бе асос буда, зидди Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (С) мебошад.
Гӯё ҳақиқати исломро ба мардум нишон медиҳад, аммо худашон мунофиқанд яъне ду рӯя дар Тоҷикистон худашонро аҳли суннат мегиранд ва дар Эрон аҳли шиа ва дар дигар ҷойҳо ваҳоби ё салафи мо бояд ба фиреби онҳо бовар накунем, зеро онҳо мардумро гумроҳ месозанд.
Бовар дорам гуфтаҳои парокандаи ҲНИТ дар бегуноҳии ин ҳизб ва бадном кардани давлати мо ҳеҷ натиҷаи ба бор намеоранд. Моро зарур аст, ки ақидаи дурусти мазҳаби Имоми Аъзамро пайрави кунем, ки ин мазҳаби динӣ аҷдодии мову Шумо мебошад. Ва дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда ватанро бозҳам гул-гул шукуфон кунем.
Имомхатиби Масҷиди
ҷомеъи ба номи Имом Раббонӣ
Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин Комилов А.