Субҳи имрӯз тибқи ҷадвали тартибдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди бинои қасри фарҳанги ноҳия озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.
Дар ин озмун ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ороиши хос дартархон густурда, беҳтарин анвои хӯрок ва хӯришҳоро дар доираи суннати дастархонороии миллӣ пешниҳоди комиссия ва ҳозирин намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин аз намоиши дастархонҳо дар чорабинӣ дидан намуда, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ороиш ва густурдани хон аз қадим ҷузъи анъанаи ниёгони тоҷикон буда, дар фасли ороиши дастархон, номгӯи нозу неъмати он, ба таври моҳирона ва сарфакорона оростани он дар осори адабиёти классикӣ таъкид гардида, ин анъана ҳамчун расми меҳмоннавозӣ ва ҳунармандии кадбонувон ва чирадастони миллати тоҷик муаррифӣ шудааст.
Тибқи хулосаи Комиссия дар ин озмун аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо КДФ “Бақайдгирии молумулки ғайриманқул” дар ноҳия ҷои якум, Беморхонаи марказӣ – дуюм ва боғчаи бачагонаи №1 “Офтобак” ҷои сеюмро соҳиб гардида, аз миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Ҷамоати деҳоти Заркамар ҷойи якум, ба номи Ишмурод Низов – дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Қубодиёнҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон бо сипоснома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуда, чорабинӣ бо барномаи ҷолиби консертии бахши фарҳанги ноҳия хотима ёфт.