
Бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар деҳаи Шоғарави Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав бунгоҳи тибби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи бинои бунгоҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Бадриддин Садриддинзода иштирок намуда, қайд намуд, ки ташаббуси Пешвои миллат баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар замири шахсони боору номуси кишвар ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор сохта, имрӯз сокинон дар рушди пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва ободониву бунёкорӣ саҳми худро мегузоранд.
Гуфта мешавад, бунгоҳи тибби “Лоҳутӣ” дао деҳаи Шоғарав бо дастгирии молиявии сокини ин деҳа таваккал Хоҷаев ба маблағи беш аз сад ҳазор сомонӣ бунёд гардида, сокини дигари ин деҳа Ислом Маҳмараҳимов барои бунёди он аз замини наздиҳавлигии худ қитъа ҷудо намудааст.
То ин замон бунгоҳи тиббии деҳаи Шоғарав дар хонаи шахсӣ ҷойгир буда, ба талабот ҷавобгӯ набуд.