
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин зимни боздид аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз вазъи зиндагии шахсони барҷомонда, собиқадорони ҷангу меҳнат, солмандон ва ниёзмадон аз наздик шинос шуд.
Ҳангоми аёдати шахсони ниёзманд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва моддӣ рамонида шуда, қайд гардид, ки давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии ғамхоронаи Пешвои миллат дастгирии ниёзмандонро дар мадди аввал гузошта, пайваста баҳри беҳтар намудани шароити зисти онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи иду ҷашнҳо шахсони ниёзмандро дастгирӣ намуда, аз вазъи зиндагии онҳо пайваста бохаар мебошад.