
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин дар идомаи шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳолати заминҳо, дастовардҳои соҳибкорон, корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ аз ҷамоатҳои деҳоти Заркамар, ба номи Утақара Назаров, ба номи Ишмурод Ниёзов ва ба номи Носири Хусрав дидан намуд.
Зимни боздид и. в. раиси ноҳия бо фаъолияти хоҷагии халқи ҷамоатҳо, аз ҷумла рафти кишту кор, ташкили гармхона ва сардхонаҳо, корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дидан намуда, бо фаъолони ҷамоатҳо маҷлис – вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти мулоқот, ки бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, доир ба вазъи фаъолияти соҳаҳои ҳудуди ҷамоат, шарҳу эзоҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб суҳбат гузаронида шуд. Шиносоии раиси ноҳия бо фаъолияти сокинон ва хоҷагии халқи ноҳия идома дорад.