ДИДОР ВА МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба боздид ва мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин аз ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Қубодиён дидан намуда, дар толори мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолони ҷамоат вохӯрӣ баргузор карда шуд.

33_13.jpgЗимни мулоқот муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, изҳор дошт, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида заминаи устувори рушди маҳал мебошад.

Дар мулоқот ба масъулини ҷамоат ҷиҳати тибқи талабот ба роҳ мондани тартиби коргузорӣ ва кор бо шаҳрвандон супориш дода шуда, анҷом додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз авлавиятҳои фаъолияти ҷамоатҳо арзёбӣ гардид.

22_47.jpgҲачунин дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии паҳншавии ақидаҳои бегона, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ карда шуда, таъкид карда шуд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор муҳим мебошад.

Гуфта мешавад, ҷиҳати шиносоӣ бо кору фаъолияти сокинон ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия боздид ва вохӯриҳои раиси ноҳия дар маҳал идома дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.