
Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва рӯҳи болида пешвоз гирифтанд.
Ба ин муносибат дар назди қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо намоиши ҳунарҳои марумӣ ва ярмаркаи ниҳол, маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори ниҳоя сокинон ҷамъ омада, аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин иштирок намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷаши қадимаи миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.
Инчунин дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сардори хоҷагии ҷангали вилоят Қувваталӣ Назаров иштирок намуда, табрикоти раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбонро ба мунсибати ҷашни Сада ба самъи сокинон расонид.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор робарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба муносибати ҷашни сада изҳори сипос карда шуда, бо нишони қадрдонӣ ба онҳо сипоснома тақдим карда шуд.
Раиси ноҳия ҳамроҳ бо меҳмонон аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва ниҳолпарварӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунармандон ҷиҳати густариш додани касби худ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тавсия дод.
Барномаи рангини бахши фарҳанги ноҳия хотимабахши ин чорабинӣ гашт.