
Сокинони ноҳия бо истифода аз боду ҳавои муносиби рӯзҳои истироҳатӣ ҳашарҳои умумии шанбегӣ ташкил намуда, маконҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйбору роҳрав ва кӯчаву маҳаллаҳоро тозаву озода намуда, корҳои ободониро вусъат доданд.
Бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Садриддинзода Бадриддин ҳашари умумии кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар гулгашти назди қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ташкил карда шуда, кормандон ва фаъолони ноҳия изҳор доштанд, ки гулгаштро ба яке аз зеботарин макони сайругашти сокинон табдил медиҳанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Бадриддин Садриддинзода изҳор дошт, ки гулгашти назди қасри фарҳанг чеҳраи муаррификунандаи ноҳия буда, баҳри истироҳат ва сайригашти сокинон бояд ҳамеша ободу зебо бошад.
Гулгашти назди қасри фарҳанги ноҳия, ки дар маркази он муҷассаи файласуф Ҳаким Носири Хусрав қомат афрӯхтааст, яке аз маконҳои писандидаи сокинон баҳри истироҳат ва сайругашт буда, чорабиниҳои идонаи ноҳия дар ин макон баргузор гардида, аксаран навхонадорон дар рӯзи тӯи домодию арӯсӣ аз ин макон дидан менамоянд.