
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодсолонаи ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия мҳтарам Файзуллозода Зафар бо итироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид ва намояндаи мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зуҳуров Маҳмасаид баргузор гардида, муовини якуми раиси ноҳия вобста ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми соли гузашта ҳисобот дод.
Дар гузориши муовини раиси ноҳия оид ба дастовард ва камбудиҳо маълумот дода шуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супориш дода шуда, ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва вилоят дар рафти маҷлис сухан намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва вилоят таъкид намуданд.