
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо сокинони ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Сумагул Тағойзода, ки ҳамзамон намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳия оид ба корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошанд, ҳамроҳ бо раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода зимни вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Заркамар, ба номи Утақара Назаров ва Ишмурод Ниёзов нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии кишвар шарҳ дода, изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади ниҳоят муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро тақозо менамояд.
Қайд гардид, ки иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.
Ҳачунин гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо доир намуда, доир ба мазмун ва муҳтавои Паёми президенти кишвар суҳбат намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи корӣ матни пурраи Паёми президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шакли китоб ба ноҳия дастрас карда шуда, ба сокинон тақдим карда шуд.