
Дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода сокинони ноҳияро бу меносибати фарорасии соли нав табрик намуда, соли сипаришударо барои сокинони кишвар, алалхусус сокинони ноҳия соли бобарор ва хотирмон арзёбӣ намуд.
Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз руйдодҳои соли гузашта изҳор дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор додани чархаи дуввуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва таҷлили 5 500 солагии Ёдгории таърихии Саразм ва 700 солагии Камоли Хуҷандӣ тибқи ҷарори Конфронси ЮНЕСКО аз санаи муҳими соли гузашта мебошанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки сокинони ноҳия бо азму иродаи қавӣ ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат соли пешомадро истиқбол намуда, баҳри гулгулшукуфии ин гӯшаи диёр тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ базши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби ҳунариро пешниҳоди сокинон намуд.
Гуфта мешавад, дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ташкилоту муаасисаҳои ноҳявӣ, ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ва шахсони саховатпеша ба нафарони бемору барҷомонда, маъюбон, нобиноён, ятимони кулл, шахсони яккаву танҳо, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ, оилаҳои камбизоат ва мактаб – интернати ноҳия ба маблағи 53 500 сомонӣ кумаки яквақтаинаи молиявию моддӣ расонида шуд. Дар баробари ин, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи зиндагии шахсони барҷомонда ва ниёзманд раиси ноҳия ва шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба аёдати чанд нафар ниёзманд рафта, аз ҳоли онҳо бо хабар шуданд.
Ҳамчунин баҳри болидахотирии сарбозону афсарони дар дидбонгоҳҳо ва қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия хизматдошта дар арафаи ҷашни соли нав дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ба намош гузошта шуд.