
Таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳия бо иштироки аъзои Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва даъватшудагон баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи кории ҷаласа ҳисоботи котиби Шӯро Меҳриддин Зардаков оид ба фаъолияти Шӯро дар давоми соли равон шунида шуд. Ҳамчунин нақшаи кории Шӯро барои соли оянда таҳия гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуд.
Инчунин вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси талаботи қонунҳои амалкунанда сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Сайфуллозода Зафар ва сармуҳаррири рӯномаи ноҳиявии “Тахти Қубод” Сайфуллозода Адолат – аъзои Шӯро гузориш доданд.