
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ва аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисиони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва фаъолон баргузор гардид.
Шарифзода Маҳмадаюб, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия оид ба фаъолияти ҳизб дар дар соли 2019 ҳисобот дод. Зимни баромад қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар маҷмуъ 331- адад чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва суҳбату мулоқотҳои судмандро бо мардум ташкил ва гузаронидааст, ки дар онҳо зиёда аз 39 000 нафар иштирок намуданд.
Дар ин давра бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пуштибони аз сиёсати бунёдкоронаю инсондустонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар доираи Аксияи таблиғоти амалии ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” тибқи нақша чорабиниҳо бо ҷалби васеъи аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва аҳоли дар ноҳия 168-адад чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуда, имрузҳо корҳои бунёдкорию ободони руз аз руз суръати тоза гирифта истодаанд.
Гуфта мешавад, моҳи гузашта анҷумани XIV-и ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардида, дар он ҳайати нави Кумитаи иҷроия ва Комиссияи тафтишотии он интихоб гардида буд.