Рӯзи 12 феврали соли равон нишасти хабарии раиси ноҳияи Қубодиён доир ба ба натиҷаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Қубодиён дар соли 2017 баргузор гардид.
Дар ин нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия маълумоти муфассалро пешниҳоди намояндагони васоити ахбори умум намуд.
Дар нишасти мазкур намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда ба суолҳои пешниҳод намудаи худ посухҳои дақиқ ва муфассал дарёфт намуданд.
Ҳамчунин дар фарҷоми нишасти хабарӣ барои саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаи вилоятии “Халқ Овозӣ” ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии онҳия ва департаменти “Почтаи тоҷик” дар ноҳия ихтихорнома тақдим карда шуд.