
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии шахсони ниёзманд дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ ба шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, оилаҳои бесеробон ва қисмҳои ҳарбиву дидбонгоҳҳои сарҳадӣ кумаки яквақтаинаи молиявию моддӣ расонид.
Ҳамчунин раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ва шахсони масъул дар арафаи ҷашн ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва ятимон рафта, аз шароити зиндагӣ ва аҳволи саломатии онҳо хабардор гардиданд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашу маросим ба мактаб – интернати ноҳия кумаки квақтаина ва дастархони идона орота шуда, баҳри болидахотирии тартибятгирандагони он барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Гуфта мешавад, кумаку дастгирӣ ва аёдати шахсони ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ идома дорад.