ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ КИШВАР

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро, ки тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат мустақим бахш гардид, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастаҷамъона тамошо карданд.

22_37.jpgДар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2019 сухан ронда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд. Аз ҷониби Роҳбари давлат оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Таъ33_10.jpgкид гардид, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

Сокинони Хатлонзамин ташаббусҳои Сардори давлат дар мавриди дастгирии бахши соҳибкорӣ, рушди деҳот, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, афзоиши маошу нафақа ва стипендия, корҳои ободонию созандагӣ, рушди илму маориф ва кулли пешниҳоду вазифагузориҳои дигари мубраму пураҳамияти Пешвои миллатро бо дилгармӣ ва эҳсоси қаноатмандии калон истиқбол гирифтанд.

44_1.jpgПешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.