
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар кори Шӯро муовини якуми раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ ва раиси суди ноҳия Мамарасулзода Саидҷаъфар иштирок намуданд.
Инчунин дар кори маҷлис раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибон ширкат дошатнд.
Масъалаи санҷиш ва таҳлили ҳодисаҳои ба худкушӣ ва саиқасд ба он мавзӯи баррасии Шӯро буда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи котиби Шӯро – ёрдамчии прокурори ноҳия Нуриддин Маҳмудзода шунида шуд.
Котиби Шӯро зимни баромад изҳор дошт, ки вазъи ба худкушӣ даст задани сокинон дар ноҳия нигаронкунанда буда, нисбат ба соли гузашта се ҳолат зиёд мебошад.
Бинбар ин, ба қавли ёрдамчии прокурори ноҳия сохторҳои дахлдорро зарур аст, фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, баҳри даъвати сокинон ба ҳаёти хушбахтӣ ва пешгирӣ аз ҳосидаҳои номатлуб дар ҷомеа кӯшиш намоянд.
Дар идомаи маҷлис мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба фаъолияти худ дар ин самт гузориш дода, ба саволҳои ҳозирин вобаста ба пешгирии ҳолатҳои мазкур посух доданд.