
Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии идона баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ фаъолони ҷамоат барномаҳои гуногунранги солинавиро ба саҳна гузошта, Маркази фарҳангию фароғатии Носири Хусрав барномаи ҷолиби консертиро пешкаши сокинон намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷадвали баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба соли нави мелодӣ дар саҳни мақооти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳия гардида, ҳамарӯза ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барномаҳои ҷолиби худро пешкаши меҳмонон ва сокинони маркази ноҳия мегардонанд.