
Сокинони ноҳия бо истифода аз боду ҳавои муносиби рӯзҳои истироҳатӣ ҳашарҳои умумии шанбегӣ ташкил намуда, маконҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйбору роҳрав ва кӯчаву маҳаллаҳоро тозаву озода намуда, корҳои ободониро вусъат доданд.
Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия бо истифода аз боду ҳавои гарм шанбегии датаҷамъона ташкил намуда, заминҳои саҳни ин даргоҳи донишро нарм карда, гулу дарахтони ороишӣ шинониданд.
Акбаралӣ Ғаюрзода, директори Коллеҷи омӯзгории ноҳия дар суҳбат изҳор дошт, ки ҳайати кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ тайи рӯзҳои истироҳатӣ атроф ва саҳни коллеҷро ба тартиб дароварда, ҳоло машғули шинонидани гулҳои гуногун ва дарахтони орошӣ мебошанд.
Ба ин тартиб дар саҳни коллеҷ гулгашт ташкил карда шуда, барои истирҳати омӯзгорону донишҷӯён дар саҳни коллеҷ ду адад суҳбатҷо сохта шуд. Ба қавли директори коллеҷ суҳбатҷойҳо барои дар вақти танаффус китоб хондан ва ба дарсҳову имтиҳонҳо омода шудан макони муносиб мебошад, ки атрофи онҳоро гулу дарахтони ороишӣ иҳота кардааст.