
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои протоколи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оид ба санҷишу омӯзиши вазъу ҳолати воқеии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯзи соҳа аз 12 то 14 декабр гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар дар ноҳия ҳузур дошт.
Гурӯҳи корӣ тибқи дастуру супоришҳо дар самти болобарии сатҳу сифати таълим, низоми кор, таъминоти кадрӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, раванди таълиму тарбия, давомоти хонандагон ҳолати кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон бо китоби дарсӣ, вазъи зимистогузаронӣ ва ташкили корҳои ободонию кабудизоркунӣ корҳои санҷишию омӯзишӣ анҷом дод.
Дар рӯзи охири кор гурӯҳи корӣ аз натиҷаи санҷишу омӯзиши худ дар як вохӯрӣ бо масъулони соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, ки бо иштироки раиси ноия муҳтарам Зафар Файзуллозода баргузор гирдид, гузориш дод.
Роҳбари гурӯҳи корӣ мутахассиси пешбари хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Бохтар Баротов Ҷаъфар зимни баромад изҳор дошт, ки соҳаи маорифи ноҳия дар бисёр самтҳо дорои муваффақиятҳо буда, талоши бештари мутахассисон натиҷаи боз ҳам хубтарро эҷод мекунад.