
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 21 Маҷлиси вакилони халқ даъвати 5 баргузор гардид.
Тибқи масълаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи раиси ноҳия дар соли 2019 шунида шуд.
Раиси ноҳия Зафар Файзуллозода дар баромади худ оид ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия маълумот дода, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият ба соҳаҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.
Дар ҳошияи ҳисоботи раиси ноҳия як қатор раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба музокира баромада, оид ба бурду бохти соҳаҳои хоҷагии хулқи ҳудуди марзиву маъмурии худ ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дар иҷлосия вобаста ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла рафти иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022”, ҳисоботи раиси Комиссия доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба “Қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният”, дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2018 ва тасдиқи нақшаи он барои соли 2020 ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.