ВНМО – БЕМОРИИ АХЛОҚӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният бо намояндагони масъули шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Ба ҳайати гурӯҳи мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Марҳабо Олимӣ, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасогии масъунияти одам»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон Муродов Ҷалолиддин, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, Насрулло Маҳмудзода – прокурори вилояти Хатлон, муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал – майори милитсия Искандарзода Абдулваҳҳоб, Давлатов Акрам – директори Маркази вируси норасогии масъунияти одами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шомил буданд. Ҳамчунин ҷиҳати иштирок дар кори вохӯрии гурӯҳи мазкур намояндагони соҳаҳои дахлдор аз навоҳии Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритуз ва Носири Хусрави вилоят даъват шуда буданд.

Зимни вохӯрӣ Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ВНМО-ро бемории ахлоқӣ номида, қайд намуд, ки гирифторони ин беморӣ бештар бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ, суистеъмоли маводи мухаддир сироят мешаванд. Банобар ин, ба қавли вай, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати бешгирии паҳншавии ВНМО аз тарафи ходимони дин, шахсони мӯътабар дар маҳал пурзӯр карда шавад.

Ҳамчунин, ба иттилои Муродов Ҷалолиддин, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасогии масъунияти одам вазъи мубталошавӣ дар кишвар назар ба кишварҳои ҳамсоя буда, вале ин набояд масъулонро хотирҷамъӣ водор намояд. Ба гуфтаи вай чандин барномаҳои роҷеъ ба пешгирии ин беморӣ дар ҷумҳурӣ қабул гардидаанд ва масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати амалишавии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар вохӯрии мазкур прокурори вилоят Насрулло Маҳмудзода баромад намуда, қайд кард, бемории мазкур одатан, аз тарафи муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ оварда мешавад, ки дар натиҷаи алоқаи наздик ба пайвандони гирифтори беморӣ сироят мекунад. Ба гуфтаи вай, 16 намуди ҷиноятҳои ахлоқӣ мавҷуд аст, ки аксари онҳо ба сироятёбии ВНМО мусоидат мекунанд. Бино ба қавли вай, барои саркашӣ аз муолиҷа ҷазои маъмурӣ дар ҳаҷми 20 нишондиҳа муқаррар карда шуда, барои нафароне, ки гирифтори ин беморӣ мебошанд, огоҳона нафари дигареро сироят мекунанд, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Давлатов Акрам – директори Маркази вируси норасогии масъунияти одами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни гузориш дар бораи вазъи пешгирии ВНМО дар вилояти Хатлон қайд намуд, ки дар ноҳияи Қубодиён 86 нафар гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 49 нафар мард ва 37 зан мебошад. Айни ҳол аз теъдоди зикргардида 19 нафарашон фавтидааст. Даҳ нафарашон ноболиғ буда, 28 нафрарашон муҳоҷир мебошанд.

DSC05967.JPGБояд ёдовар шуд, ки аз 30 октябри соли 2017 қарори раиси ноҳияи Қубодиён дар мавриди таъсиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО тасдиқ гардида, айни замон маркази мазкур бо даҳ воҳиди корӣ фаъолият дорад. То ин замон назорат ва пешгирии вазъи ВНМО дар ноҳияро маркази минтақавии пешгирӣ ва мубориза бо ин дар ноҳияи Шаҳритуз ба зиима дошт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.