ДАСТИ ХАЙРУ САХО ДАР АРАФАИ ИДУ ҶАШНҲО

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи соли нави мелодӣ б мақсади дастгирии шахсони ниёзманд ба 5 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба маблағи ҳашт ҳазор сомонӣ аробачаи маъюбӣ тақдим намуд.

Аз ҷумла Полвонова Заринаи ҳаштсола, ки маъюби гурӯҳи 2 мебошад, соҳиби аробачаи маъюбии кӯдакона шуда, модараш аз ин тӯҳфаи барои онҳо гаронбаҳо хушнуд гардида, изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта мешавад, давоми соли равон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша ба мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маъюбон, кӯдакони ятим, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар арафаи иду ҷашнҳо наздики  800 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва моддӣ  расонида шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ ин иқдом идома меёбад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.