Мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия бо нишони қадрдонӣ аз дастовардҳои адабӣ ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки рӯзҳои 22 то 24 ноябри соли равон баргузор гардид, дар назди фаъолони ноҳия бо сипосномаву тӯҳфаҳои молияви сарфароз гардонид.
Маврид ба зикр аст, ки ба даври вилоятии озмуни мазкур 17 нафар аз ноҳия роҳхат пайдо намуда, дар ин озмун фаъолона иштирок намуданд.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятӣ, ки бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ баргузор гардид, ду нафар, аз ҷумла Содиқова Гулнисо, хонандаи МТМУ №47 ва Маҷидова Нӯшӣ хонандаи МТМУ №42 барои иштироки фаъол дар озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфи молиявӣ сарфароз гардионида шуда, хонандаи МТМУ №19 Раҷабова Сафеда дар баробари дарёфти ифтихорнмоаи озмун ва тӯҳфаи молифвӣ соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” гардид.
Инчунин се нафар омӯзгорон, Рудоба Ҳилолӣ, омӯзгори МТМУ №3, Зокирова Дилшода, омӯзгори гимназияи давлатии №1 ва Эргашева Ойҷамол, омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии асосии №46 барои иштироки фаъолона дар озмун, дар сатҳи баланд омода намудани шогирдон ба озмун ва тарбияи насли наврас бо ифтихорнома сазовор гардонида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо аълочии маориф тақдим карда шуд.
Раиси ноҳияи Қубодиён зимни қадрдонии ғолибон изҳор дошт, ки мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия, тамоми имкониятҳоро баҳри рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани савияи дониши сокинон истифода намуда, муваффақияту дастовардҳои сокинонро дар ин самт қадрдонӣ менамояд.