Дар даври вилоятии озмунии фаннии байни муассисаҳои таълимӣ, ки дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид, се нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Хонандаи синфи 10 МТМУ №11 Назарова Зарина дар озмуни мазкур аз фанни забони давлатӣ иштирок намуда, соҳиби ҷои якум гардид.
Инчунин хонадаи синфи 10 муассисаи таълимии №1 Алимардонова Шаҳзода аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷои 2-юмро ишғол намуда, ба хонандаи синфи 10 муассисаи таълимии №49 Абдуназаров Диёрбек муяссар шуд, ки аз фанни забони давлатӣ ҷои 3-юмро аз худ намояд.