Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти раёсати ҳамоҳангсози Шӯро – прокурори ноҳия Раҳмонзода Аҳмадҷон баргузор гардид.
Дар кори Шӯро инчунин раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ва раиси суди ноҳия Саидҷаъфар Мамарасулзода ширкат намуданд. Ҳамзамон дар кори Шӯро фаъолони ва масъулони соҳаи тибби ноҳия даъват гардида буданд.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният” дар ҳудуди ноҳия ва роҳҳои пешгирии паҳншавии он баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки роҳҳои муассири пешгирии паҳншавии ин вабои аср фаъолияти пурзӯри масъулин, ҷалби ҷомеа дар ин самт ва баланд бардоштани маърифати сокинон дар робита ба пешгирии он мебошад.
Таъкид карда шуд, ки масъулин бояд дар маҳал корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва навхонадорон пурзӯр намоянд.
Гуфта мешавад, дар ноҳия аз соли 2017 Маркази махсусгардонидашудаи мубориза бо бемориҳои ВНМО фаъолият дошта, ташхиси тиббии муайян намудани мавҷудияти вируси норасоии одам, аз ҷумла бо роҳи тестҳои оҷилиро дар ноҳия анҷом медиҳад.