Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки аз 24 то 26 ноябр баргузор гардида буд, доир карда шуд.
Ба даври вилоятии озмун 17 нафар роҳхат гирифта, иштирок намуданд. Иштирокчиён дар рӯзи озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома срфароз гардонида шуданд.
Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибон, ки бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назрӣ баргузор гардид, ду нафар, аз ҷумла Содиқова Гулнисо, хонандаи МТМУ №47 ва Маҷидова Нӯшӣ хонандаи МТМУ №42 барои иштироки фаъол дар озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфи молиявӣ сарфароз гардионида шуда, хонандаи МТМУ №19 Раҷабова Сафеда дар баробари дарёфти ифтихорнмоаи озмун ва тӯҳфаи молифвӣ соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” гардид.
Ғолибонро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ғалашоҳ табрик намуда, барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмун муваффақит орзу намуданд.
Инчунин се нафар омӯзгорон, Рудоба Ҳилолӣ, омӯзгори МТМУ №3, Зокирова Дилшода, омӯзгори гимназияи давлатии №1 ва Эргашева Ойҷамол, омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии асосии №46 барои иштироки фаъолона дар озмун, дар сатҳи баланд омода намудани шогирдон ба озмун ва тарбияи насли наврас бо ифтихорнома сазовор гардонида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо аълочии маориф тақдим карда шуд.