Сокинони ноҳияи Қубодиён бо нишони садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ доир намуданд, ки он зиёда аз панҷ ҳазор нафар иштирок намуд.
Дар қасри фарҳанги ноҳия низ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Алиҷон Тоҷиев суханронӣ намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин Рӯзи Парчам табрик намуд. Алиҷон Тоҷиев изҳор дошт, ки Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад.
Ҳамчунин намояндаи муқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, қайд намуд, ки парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон баёнгари мавҷудияти миллату давлати тоҷикон буда, ҷилои он дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нишон аз давлату давлатдории тоҷикон мебошад.
Бахши фарҳанги ноҳия бахшида ба ин сана барномаи ҷолиби фарҳангӣ омода ва пешниҳоди ҳозирин намуд.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заркамар ду адад иншооти ҷашнӣ бо иштироки масъулон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.